Садое аз мусулмонони Фарғона
Душанбе, 01.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Мардуми шарифи Тоҷикистон, Шумо ҳамчун мусулмон ба пешвоёни ҲНИТ, бахусус ба Кабирӣ бовар кардаву аз онҳо пайравӣ менамудед.
Ман, Абдураҳим Абдужалилов, миллатам ӯзбек, сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона, солҳои 1991 ва 1992 бо Муҳиддин Кабирӣ дар Донишгоҳи исломии Яман таҳсили динӣ гирифта будем. Миёни донишҷӯён Кабирӣ доимо ёдовар мешуд, ки ӯ бо тавсия ва роҳнамоии устодаш С. Нурӣ ба ин донишгоҳ омадааст. Дар таҳсил ва умуман миёни муҳассилин он қадар фаъол ва шуҳратманд набуд.
Пас аз хатми Донишгоҳ мо умуман ҳамдигарро надидаем. Баъди раиси ҳизб интихоб шудани Кабирӣ, ман чандин маротиба кӯшиш кардам, ки бо ӯ вохӯрӣ намоям, вале ин кӯшишҳои ман амалӣ нагардид.
Рӯзҳои наздик вақте ман дар ВАО хабар ёфтам, ки Кабирӣ ва ҳизби ӯ кушиши табаддулоти давлатӣ кардаанд, беихтиёр қалам ба даст гирифтаму ба мардуми мусалмони тоҷик муроҷиат намудам.
Дӯстони тоҷики ман, ба ин тоифаи мусулмонҳо, руҳониён ва ҳомиёни ислом ба монанди Муҳиддин Кабирӣ- раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳеҷ гоҳ бовар накунед ва аз паси онҳо наравед. Дониста бошед, ки онҳо исломро танҳо ба хотири манфиатҳои шахсию ҳизбии худ истифода мекунанд. Ислом бояд бо сиёсат омехта набошад, сиёсисозии ислом фақат ва фақат барои манфиатҷӯӣ аст.
Ман як нуктаи муҳимро гуфтанӣ ҳастам, ки Суди Олии Тоҷикистон барои мусулмонон ва халқи тоҷик хизмати бузургеро анҷом дод. Баъди таҳлилҳои холисона ва баррасии амиқ, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро дар тамоми қаламрави кишвар мамнуъ эълон намуда, роҳбарону пайравони онро ҳамчун террорист ба мардум собит намуд.
Дар ҳақиқат ҳамаи он рафтору кирдорҳои ғайримусулмонии аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро мушоҳида намуда, ҳамаи мову шумо ҳақиқати ҳолро дарк кардем. Бо имони комил метавон гуфт, ки аз шунидани қарори додгоҳ вобаста ба қатъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тамоми мусулмонони ҳақиқӣ хушнуд гардиданд. Бубинед, дар дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ – Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистон, ки аҳолиашон анқариб пурра мусулмонанд, ҳизби исломӣ вуҷуд надорад, бе ҳизб ҳам мардум эътиқоди динии худро амалӣ месозад ва барои шинохти парвадигор мавҷудияти ҳеҷ ягон ҳизб зарур нест. Бинобар он, қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ва ҳамчун ташкилоти экстремистӣ эътироф намудани он амри воқеӣ ва саривақтӣ мебошад. Ба мусалмонони Тоҷикистон гуфтаниам, ки дурустӣ ва зарур будани ин ташаббусро вақт ва таърих исбот менамояд.
Бо арзи эҳтиром ва сипоси бепоён ба мардуми мусулмони Тоҷикистон аз номи бандаи камтарини Худо — Абдураҳим Абдужалилов, сокини шаҳри Марғелони вилояти Фарғона.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






