Сармоягузорӣ ба соҳаи тиб кори савоб ва судовар аст

Октябрь 13, 2015 11:49

Душанбе, 13.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, 14 октябр ҳамчун рӯзи соҳибкорон шинохта шудааст  ва мо тасмим гирифтем, ки бо табиб ва соҳибкор, муассиси клиникаи “Насл” Шамсиддин Қурбонов дар робита ба фаъолияти соҳибкориаш суҳбат намоем. 
  
-Мақсад аз маблағгузорӣ намудан ва сохтани клиникае, ки намудҳои табобати он дар дохили кишвар маъмул набуд ва дар гумон буд, ки шумо муваффақ мешавед ва ё на, дар чӣ буд?
   
 -Соли 1997 буд, ки ман  дар Вазорати тандурустӣ фаъолият мекардам.  Дар хотир дорам, ки соли 1993 бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон як гурӯҳ коршиносону намояндагон аз Хазинаи нуфуси СММ ба Тоҷикистон омаданд ва дар ҳамин замина ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод карданд.  Дар он давра, ки Тоҷикистон нав мустақил шуда буд, аз ин сабаб ин гурӯҳи коршиносон  хулоса ва андешаҳои худро оид ба вазъи репродуктивӣ ва солимии ҷомеа пешниҳод карданд.  Дар ҳамон давра дар се самт, самти  сиёсати демографӣ, самти дастрасии хизматрасонӣ дар соҳаи оила ва самти баланд бардоштани маърифати ҷомеа пешниҳодҳо шуданд. Се лоиҳаи калон таҳия гардид ва то солҳои 2000 ин лоиҳаҳо тасдиқ шуданд ва охирҳои солҳои 1999 як барномаи миллӣ дар бораи солимии репродуктивӣ таҳия ва қабул гардид. Соли 2002 Президенти кишвар бо аҳли ҷамоати мамалакат сари масъалаи танзими оила ва умуман сиёсати демографии ҳукумати ҷумҳурӣ  суҳбат  доштанд. Ба ин самт Сарвари давлат аз аввал бисёр аҳамият медоданд. Баъд аз солҳои 1993-1994 ба кишвар маводи пешгирандаи ҳамл ворид шуд ва ба хулосае омаданд, ки як хадамоти солимии репродуктивӣ ташкил  шавад. Дастрасии мардум низ бояд фарох мешуд. Билохира ҳолате шуд, ки нишондиҳандаи таваллуд  нисбат ба ҳазор нафар аз 38 ба 32 расида омад, ки ин нишондиҳандаи хеле паст аст. Дар ин заминаҳо соли 2002 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи солимии репродуктивӣ” ба тасвиб расид, ки дар он дар масъалаи бордоркунӣ ва истифода аз технологияҳои навин зикр шуда буд. Бинобар ин Вазорати тандурустӣ ба ин хулоса омад, ки баъди заминаҳои ҳуқуқӣ пайдо намудани ин гуна табобат дар ҷустуҷӯи  технологияи муносиб шавад ва ба кишвар онро ворид намоянд.
Мо тасмим гирифтем, ки бо дастгирӣ ва ҳидояти вазири тандурустӣ ин гуна технологияро биёрем. Ман дар назди вазир ба хулосае омадам ки шахсан ин технологияро аз ҳисоби худам ба кишвар  ворид кунам. Шароит ҳам ки мусоид шуду аз тарафи бонкҳо қарздиҳӣ ба соҳибкорон роиҷ гардид, мо ҳам қарз гирифтем. Бори аввал дар соли 2010 таҷҳизотро ворид кардем ва маркази тиббии “Насл”-ро кушодем ва дар пайи омӯзиши ЭКО шудем. Дар аввал ин гуна мутахассисон ва умуман ин гуна ихтисос дар мо набуд. Мутахассисонро ба Қазоқистон равон кардем, то  омӯзиш гирифта, омада дар Тоҷикистон ба халқи худ хизмат кунанд. Бори аввал бо маблағи 380 ҳазор доллар мо таҷҳизоти ЭКО- ро аз Амстердам харид намудем ва ба кишвар ворид сохтем. 
Дар аввали моҳ ду нафарро ЭКО намудем, ки яктоаш ҳомиладор шуд ва баъдан шумораашон зиёд гардид. Дар баъзе нишондодҳо ҳатто клиникаи мо аз дигар клиникаҳои ЭКО-и Қазоқистону Туркманистон пештар аст. Агар 100 оила ба мо муроҷиат кунад, аллакай то ба ҷароҳии ЭКО нарафта, мушкилоташон ҳал мешавад. 

-Дар соҳаҳаои тандурустӣ ё маориф сармоягузорӣ кардан ғайрати бузургро талаб мекунад ва ин сармоягузорие дар як тарабхона ё  сохтмони биное нест, ки зуд фоида ба даст орӣ. Оё бовар доштед, ки маблағи сарфкардаатонро пас гардонида метавонед? 
   
 -Дар соҳаи тандурустӣ на он қадар тиҷорати бомуваффаққият карда мешавад, аммо савоби ин чиз, баракати ин чиз ба ҳафт пушти он одам мерасад. Беҳтарин кор аст дар соҳаи тиб сармоягузорӣ кардан, зеро он маблағгузорӣ дар кадом сохтмон ё ин ки дар кадом корхонаи истеҳсолӣ нест. Олимон бар он андешаанд, ки савобтарин кор дар дунё ин сармоягузорӣ дар соҳаи тиб ва маориф аст. Ҳар инсон дар ин соҳа маблағгузорӣ намекунад. Хеле инсони фарҳангӣ ва пухташуда ин амалро анҷом медиҳад. Бинобар ин бояд ба ин гуна сармоягузорӣ сабукиҳо аз ҷиҳати андоз дода шавад. Мо андеша доштем, ки ин амалро анҷом диҳем, ҳадди ақал 30-40 нафар ба мо дар як моҳ муроҷиат мекунад, аммо танҳо 7-8 нафар ба ЭКО розӣ мешаванду халос. Мо то ҳол аз бонк қарздорем, лекин сармоягузорӣ ҳамин аст. Мардум шояд он маблағро надошта бошанд. Ман ҳеҷ вақт аз он пушаймон нестам, ки дар соҳаи тандурустӣ маблағгузорӣ кардаам. Агар имконият дар зиндагиам шаваду боз аз нав таваллуд шавам, боз табибӣ ва сармоягузорӣ дар ин самтро интихоб мекунам. Маблағгузории мо ба он шакл набуд, ки аз ноилоҷӣ бошад, балки аз рӯи ғамхорӣ ва ҳидоятҳою таъкидҳои Сарвари давлат буд. Дар давраи набудани  ин гуна клиника дар дохили Тоҷикистон, мардум саргардон шуда, ба хориҷи кишвар мерафтанду чӣ қадар азобҳоро паси сар мекарданд. Аммо имрӯз ин мушкилоти мардум бо кушодани чунин клиника ҳалли худро ёфт. 

-Шумо дар боло зикр намудед, ки мардум шояд аз нодорӣ бошад, ки кам муроҷиат мекунанд, умуман арзиши хизматрасонии ЭКО-и шумо чӣ қадар аст?

-Вақте ки мо нав корро шуруъ карда будем, арзиши ЭКО намудан 5000 доллар буд. То ин муддат мо онро ба 3600 доллар поин бурдем, то ба мардуми эҳтиёҷманд дастрастар бошад. Масалан дар Исроил барномаи ЭКО ройгон аст. Дар мо низ агар имкониятҳои суғурта шудани аҳолӣ  пайдо шавад,  шояд хизматрасонии худро ройгон амалӣ гардонем.

-Умуман он таҷҳизоте, ки шумо овардед, чӣ қадар маблағро ташкил медиҳад?

-Мо дар маҷмӯъ анқариб 1 миллион доллар харҷ намудем ва имрӯз инчунин бо дастгирии шаҳрдорӣ сохтмони бинои нави клиникаамонро оғоз намудем, ки қариб як миллион доллар дар он бояд сарф шавад ва аминам, ки ин яке аз клиникаҳои беҳтарин дар кишвар хоҳад буд.  

-Соҳибкорон ва сармоягузорон чӣ нақше дар муаррифии кишвар доранд?

-Имкониятҳо имрӯз ниҳоят зиёданд, танҳо моро мебояд кӯшиши зиёд намоем. Бо роҳбаре, ки имрӯз мо дорем, аминем, ки ба қуллаҳои баланд мерасем. Чизе ки аз ҳама муҳим аст, бонкҳо бояд фоизи қарзҳои худро пасттар кунанд, то ба тамоми соҳибкорон гирифтани қарз дастрас бошад. 
Имрӯз системаи ЭКО дар Туркманистон, Қирғизистону Ӯзбекистон нест. Ивази гурда, ҷигар, ҷарроҳии дил дар мо сурат мегирад, ки дар баъзе аз ин кишварҳои номбурда вуҷуд надорад.  Аммо дар мо ин чиз вуҷуд дорад, ки ҳатто имкони ҷалби эҳтиёҷмандони хориҷиро низ дорем. Сармоягузорону соҳибкорон низ дар муаррифии кишвар бисёр саҳми бориз доранд, бинобар ин сохторҳо ва ташкилоти марбут ба он дар ин самт бояд осониҳо ва дастгирии ҳамешагиро арзонӣ доранд. 
 
-Дар як даврае, ки таваҷҷуҳи тамоми мардум ба муллою фолбинҳо равона шуда буд, шумо тавонистед, ки муштариёни худро аз дасти ин хурофотиҳою қишри бесавод наҷот диҳед?
 
-Як гурӯҳи ин афрод бар муқобили мо дар интернет ҷанги иттилоотии худро оғоз карда буданд, ки баъдан Шӯрои уламо фатвои худро баровард, ки истифода аз технологияи кумакрасонии репродуктологӣ дар ҳоле, ки аз тухмҳои ҷуфти дар ақди никоҳбуда гирифта шудааст  ҳалол аст. Ба ҳар ҳол мардум аллакай  андешаҳои  хатояшонро фаҳмида, аз роҳи каҷи рафтаашон мегарданд. Ин гурӯҳи маккорон ҳамон нафаронеанд, ки мехоҳанд маблағи муфт ба даст биёранд. Аммо инсоне, ки ба ин гурӯҳ бовар мекунад , имонаш комил нест. 

-Дар оянда чӣ нақша доред?

-Чуноне ки дар боло гуфтем, ҳоло аз паси сохтмони маркази нави клиникӣ ҳастем, ки бо кумаки шаҳрдорӣ ва маблағгузории банда ба истифода дода мешавад.
Дар охир бори дигар  такроран гуфтаниям, ки бо истифода аз он роҳбари дилсҷзу ғамхоре, ки миллати мо дорад, бо истифода аз иқтидори зеҳнии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки дар ҳама лаҳзаҳо ҳидоятгари беғарази мост, дар ободии Ватан ва беҳтаршавии сатҳ ва сифати зиндагии мардуми хеш набояд бетараф бошем. Аз инсонҳо номи нек боқӣ мемонад ва ҳар коре, ки барои мардуми хеш мекунем, набояд аз он пушаймон бошему онро миннат кунем. 

Октябрь 13, 2015 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
10 феврал дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оила, Мақомоти шаҳри Душанбе ва Комиссияи олии аттестатсионӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
8 феврал дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Зимни ҳамоиши ҳизбӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 200 нафар ятимон ва донишҷӯён бо корти нақлиётӣ таъмин гардиданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав таъсис ёфт
Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу амният матраҳ гардиданд
То 1 октябри соли 2025 Лоиҳаи «Барномаи миёнамуҳлати рушд барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
«МЕҲРИ МОДАР». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иқдом баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии содирот, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» ва Палатаи савдо ва саноат нишасти матбуотӣ баргузор мегардад