Сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе ҷамъ меоянд

Октябрь 29, 2015 04:22

Душанбе, 29.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-29-30 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мешавад. Сарони  ҳукуматҳои ИДМ нимаи дуюми имрӯз, 29 октябр ба  Душанбе меоянд.
Тибқи барномаи ҷаласа мулоқоти якҷояи роҳбарони ҳайатҳо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои муҳмитарин дар давраи ташкили давлатҳои мустақил, ҳифзи равобити таърихӣ моҳи декабри соли 1991 Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил созмон дода шуд. Ҳоло ИДМ майдони тақозошудаи гузаронидани мулоқот миёни давлатҳои иштирокдор оид ба баррасии масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ мебошад. 
8 декабри соли 1991 дар Вискул-бӯстонсарои ҳукумати Беларус «Беловежская Пуша»- роҳбарони Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Русия ва Украина Созишнома дар бораи созмон додани ИДМ-ро ба имзо расониданд. 
Баъди ду ҳафта, 21 декабри соли 1991 дар Алма-Ато сарони ёздаҳ давлати мустақил (ғайр аз давлатҳои назди Балтика, инчунин Гурҷистон, ки соли 1993 узви ИДМ шуд) Протоколро ба ин Созишнома имзо намуданд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Украина дар асоси баробарҳуқуқӣ Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таъсис доданд. 
22 январи соли 1993 дар Минск дар Саммити ИДМ Оинномаи Иттиҳод қабул гардид. Онро Украина ва Туркманистон бо вуҷуди давлатҳои созмондиҳандаи Иттиҳод ба шумор рафтанашон имзо накарданд.  Дар саммити ИДМ  дар Қазон Туркманистон изҳор намуд, ки дар Иттиҳод ба ҳайси узви ассотсиатсиявӣ иштирок хоҳад кард. 
24 марти соли 1994 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ ба Иттиҳоди давлатҳои мустақил мақоми нозирӣ дар СММ дода шуд, 3 августи соли 1994 тибқи моддаи 102-и Оинномаи СММ аз ҷониби  Котиботи СММ он ҳамчун созишномаи бисёрҷанбаи байналмилалӣ ба қайд гирифта шуд. 
Аз ҷониби мақомоти доимоамалкунандаи маъмурӣ ва ҳамоҳангсози Иттиҳод — Кумитаи иҷроия дар шаҳри Минск ва шуъбаи он дар шаҳри Маскав таъсис дода шуд. 
Дар Саммити ИДМ дар шаҳри Душанбе 5 октябри соли 2007 Консепсияи рушди ояндаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи он тасдиқ шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи аввали ташкили ИДМ узви комилҳуқуқи он буда, асосҳо ва асноди бунёдии онро эҳтиром менамояд.
Тоҷикистон дар фаъолияти сиёсати хориҷӣ ба рушд ва мустаҳкам намудани муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо мамлакатҳои иштирокдори ИДМ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 
Тоҷикистон қариб 2 ҳазор санади дар доираи ИДМ қабулшударо ба имзо расонидааст. Умуман шумораи ин санадҳо то ба имрӯз ба 3 ҳазор мерасад. Аз санадҳои имзошуда, зиёда аз 44-тои он қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо, беш аз 1000-тои  он Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва зиёда аз 200- тои он Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мебошанд.
10 октябри соли 2014 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ шаҳри Кӯлоб дар соли 2015 пойтахти фарҳангии Иттиҳод эълон шуд. 
30 октябри соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти гузаронидани ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои иштирокдори ИДМ-ро ба зимма гирифт. 
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби ИДМ ҳамчун созмони минтақавӣ ба мустаҳкам намудани муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои иштирокдор дар асоси принсипҳои эҳтироми якдигар, тибқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ дар асоси устувори ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. 

Октябрь 29, 2015 04:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Занону модарони собиқадор бо сарбозон ва сокинони Варзоб, Файзобод, Рӯдакӣ ва Шаҳринав мулоқот намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар вобаста ба амнияти иттилоотӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Хатлон бо сабаби надонистани қоидаҳои оббозӣ ва бетаваҷҷуҳии волидон 48 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2676 довталаб иштирок менамояд
Дар Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Зафаробод 1530 нафар хонанда ба истироҳат фаро гирифта мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Абдусалом Назаров дар боғаш 12 навъи зардолу парвариш менамояд