Шаҳноза соҳиби «Тоҷи тиллоӣ»-и озмуни «Соҳибҷамол-2015» гардид
Душанбе, 05.10.2015 (АМИТ «Ховар»).-Зебосанами панҷакентӣ Шаҳноза Азамқулова «Тоҷи тиллоӣ»-и барнома-озмуни «Соҳибҷамол-2015»-ро, ки дирӯз, 4-уми октябри соли равон дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барпо шуд, соҳиб гашт.
Шаҳноза, ки 21 сол дорад ва донандаи панҷ забон мебошад, дар ҳамаи даври озмун ғолиб омада, Шоҳҷоизаи озмуни мазкурро ба даст овард. Ҳайати ҳакамони озмун ба Нилуфар Ҷаъфарова, ки маҳорати хуб дошта, донандаи 4 забон аст, мақоми аввалро доданд.
Баҳор Тошева аз шаҳри Турсунзода дар озмун ҷоизаи «Таваҷҷуҳи бинанда»-ро соҳиб гашт. Ӯ донандаи 3 забон буда, бо ҳусну ҷамоли хеш ва маҳорати суханварии худ на танҳо таваҷҷуҳи бинандагон, балки аъзои ҳакамонро тасхир карда, соҳиби ин ҷоиза гардид.
Бино ба иттилои Таҳмина Худойқулова, ровии барнома, озмун дар 3 давр тӯли 9 моҳ дар шабакаи фарҳангӣ-фароғатии Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» гузаронида шуд.
Ба гуфтаи мавсуф, барнома бахшида ба «Соли оила» гузаронида шуда, он аз панҷ бахш, намоиши либос дар ду шакл- миллӣ ва аврупоӣ, санҷиши маҳорати пазандагӣ, маҳорати забондонӣ ва расонидани ёрии аввалин иборат буд.
Дар даври аввали озмун 41 довталаб, даври дуюм 21 нафар ва дар даври сеюм ва ниҳоӣ 10 соҳибҷамол иштирок намуда, маҳорати хешро санҷиданд.
Даври ниҳоии озмун дар ду бахш- санъати суханварӣ ва намоиши либос баргузор гардид.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






