Синдзо Абэ: «Натиҷаҳои мулоқоти мо барои рушди минбаъдаи равобити дӯстонаи Япония ва Тоҷикистон такон хоҳанд бахшид»
Душанбе, 24.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- «Ман хело хушҳолам, ки аввалин Сарвазири Япония ҳастам, ки ба Тоҷикистон ташриф овардам. Иҷозат диҳед ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва халқи тоҷик барои истиқболи самимӣ миннатдории хешро иброз дорам», — гуфт Сарвазири Япония Синдзо Абэ зимни изҳороти матбуотӣ оид ба мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Япония.
Бино ба гуфтаи Синдзо Абэ, Тоҷикистон дорои марзи тӯлонӣ бо Афғонистон аст, бинобар ин субот дар ин кишвар барои минтақа ва дар маҷмӯъ барои ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зимни музокирот бо Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба баррасӣ гардиданд.
«Япония дар оянда низ дар масоили роҳандозии инфрасохторҳо ва рушди минтақаҳо ба Тоҷикистон мусоидат мекунад», — таъкид намуд Синдзо Абэ.
Имрӯз ҳамчунин табодули ёддоштҳо оид ба лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон (даври 2)» сурат гирифт.
Сарвазири Японияро дар сафари расмӣ намояндагони созмону ширкатҳои японӣ ҳамроҳӣ намуданд ва Синдзо Абэ изҳори боварӣ намуд, ки муносибатҳои ду кишвар васеъ мешаванд.
Вобаста ба омода намудани муттахассисон Сарвазири Япония қайд намуд: «Мо минбаъд низ муттахассисони тоҷикро барои омӯзиш ба Япония даъват намуда, амалисозии барномаи пешниҳоди бурсияҳоро баҳри рушди захираҳои инсонӣ идома медиҳем. Дар ин самт таҷрибаи японии таълимоти техникӣ оид ба омода намудани муттахассисони баландихтисос барои саноати Тоҷикистон фаъолона истифода бурда мешавад».
Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ ҳамчунин ба созиш омаданд, ки ҳамкориҳоро дар ҳалли мушкилоти дорои хусусияти умумиминтақавӣ тақвият бахшанд. Қайд карда шуд, ки барномаи «Гуфтугӯи Осиёи Марказӣ + Япония» дар бахши кишоварзӣ натиҷаи чунин ҳамкориҳо мебошад.
Имрӯз ҳамчунин мубодилаи ёддоштҳо оид ба кӯмаки бебозгашти Япония дар ҳаҷми қариб 600 миллион йен барои мубориза бар зидди малах дар Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
«Мо хушҳол ҳастем, ки Япония дар рушди соҳаи кишоварзии Тоҷикистон саҳми худро мегузорад. Дар самти идораи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бар зидди маводи мухаддир Япония дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои таъсиси намояндагиҳо оид ба идораи сарҳадот мусоидат мекунад.
Ман ба Президент Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси тақвият додани ҳамдигарфаҳмӣ миёни мардумони мо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ изҳори назар кардам. Умедвор ҳастам, ки натиҷаҳои мулоқоти мазкур барои рушди минбаъдаи робитаҳои дӯстонаи Япония ва Тоҷикистон такони ҷиддӣ медиҳад», — гуфт Сарвазири Япония Синдзо Абэ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






