Суғд: иҷрои нақша беш аз 43% -и дурнамои чиниши пахта
Суғд, 07.10.2015. (АМИТ “Ховар”).-То 5 октябри соли ҷорӣ дар ҳафт навоҳии пахтакори вилояти Суғд 49 ҳазору 803 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 43,27%-и дурнамо баробар аст.
Тавре ки ба АМИТ Ховар Абдуазиз Маҳмудов, сармутахассиси Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд хабар дод, ҳамарӯза дар вилоят беш аз 1700-1800 тонна пахта чида мешавад. Пешсафони маъракаи чиниши пахта дар вилоят кишоварзони ноҳияҳои Конибодом (иҷро-56,52%), Ҷ. Расулов (51,32%) ва Спитамен ( 47,85%) мебошанд.
Дар вилоят алъон 35 корхонаи коркарди пахта амал мекунад. Инчунин ба ҳар як чинакчӣ барои ҳар як кило пахтаи чидашуда аз ҷониби хоҷагиҳо аз 40 то 50 дирам пардохт мешавад.
Бояд гуфт, ки имсол дар вилоят дар майдони 42 ҳазору 953 гектар пахта кишт гардида, қарор аст то охири соли ҷорӣ 115,1 ҳазор тонна «тиллои сафед» ҷамъоварӣ шавад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






