Тоҷикистон дар форуми «Соҳибкории хурди кишварҳои узви СҲШ ва БРИКС» иштирок мекунад
Душанбе, 09.10.15. (АМИТ «Ховар»). — Тоҷикистон дар кори форуми якум таҳти унвони «Соҳибкории хурди минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ ва БРИКС», ки аз 21 то 23 октябр дар шаҳри Уфа (Бошқирдистон) баргузор мешавад, иштирок менамояд.
Ҳадафи форум барқарор намудани ҳамкории миёни ширкатҳои хурду калони минтақаҳои кишварҳои СҲШ ва БРИКС дар принсипҳои субконтрактатсия ва аутсорсинг, ҳамчунин ҷалби сармояҳо ва афзун намудани теъдоди лоиҳаҳои муштараки соҳибкорист.
Намояндагони Бразилия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Беларус, Туркия, Италиё, Сербия, Чин, Канада, Британияи Кабир, Покистон, Уганда, Ҳиндустон ва Русия барои иштирок дар форум дархост додаанд.
Ғайр аз ин, дар доираи форуми якум Намоишгоҳи соҳибкорони минтақаҳои кишварҳои узви СҲШ ва БРИКС доир мегардад. Иштирокдорони намоишгоҳ — корхонаҳои асосии соҳибкории хурду миёнаи кишварҳои CҲШ ва БРИКС, маҳсулоти нави саноатӣ, дастовардҳои бахши сайёҳӣ, тиб ва кишоварзиро ба маърази намоиш мегузоранд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






