Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «JATA Tourism Expo 2015»
Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25-27 сентябри соли 2015 дар маҷмааи Tokyo Big Sight шаҳри Токио Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo» баргузор гардид. Намоишгоҳ аз ҷониби Ассотсиатсияи агентиҳои туристии Япония (JATA) ва бо дастгирии Ҳукумати Япония таъсис дода шудааст ва яке аз калонтарин ва машҳуртарин намоишгоҳҳои туристии ҷаҳон ба шумор меравад.
Бо мақсади созмон додани симои муносиби туристӣ ва ҷалби бештари сайёҳони японӣ ба Тоҷикистон Сафорати Тоҷикистон дар Япония дар намоишгоҳи мазкур иштирок намуда, як гӯшаи миллиро ташкил намуд. Гӯшаи Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, сӯзанӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъати амалӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, харитаҳои туристии кишвар, варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳои туристӣ оро дода шуд. Гӯшаи миллии кишвар таваҷҷуҳи меҳмонро ба худ ҷалб намуд ва онҳо имконият пайдо карданд, ки аз дастовардҳои мо дар солҳои истиқлолият, таърих, фарҳанг ва санъат шиносоӣ пайдо кунанд. Мулоқотҳои мақсаднок бо намояндагони ширкатҳои туристии Япония барои оғоз намудани ҳамкорӣ дар ин самт низ гузаронида шуданд.
25 сентябр зимни баргузории намоишгоҳи мазкур семинари махусус барои ширкатҳои туристии Япония дар мавзӯи имконияҳои сайёҳии Тоҷикистон барпо карда шуд. Дар семинар Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, табииву фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷузъи Роҳи бузурги абрешим муаррифӣ шуд.
Муаррифии ҳамаҷонибаи иқтидори сайёҳии кишварамон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии JATA таъсири мусбат ба рушди сайёҳӣ гузашта ва ба зиёдшавии шумораи сайёҳони японӣ ба кишвари мо мусоидат менамояд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






