Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии «JATA Tourism Expo 2015»

Октябрь 2, 2015 03:24

Душанбе, 02.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- 25-27 сентябри соли 2015 дар маҷмааи Tokyo Big Sight шаҳри Токио Намоишгоҳи байналмилалии туристӣ «JATA Tourism Expo» баргузор гардид. Намоишгоҳ аз ҷониби Ассотсиатсияи агентиҳои туристии Япония (JATA) ва бо дастгирии Ҳукумати Япония таъсис дода шудааст ва яке аз калонтарин ва машҳуртарин намоишгоҳҳои туристии ҷаҳон ба шумор меравад. 
Бо мақсади созмон додани симои муносиби туристӣ ва ҷалби бештари сайёҳони японӣ ба Тоҷикистон Сафорати Тоҷикистон дар Япония дар намоишгоҳи мазкур иштирок намуда, як гӯшаи миллиро ташкил намуд. Гӯшаи Тоҷикистон бо либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, сӯзанӣ, ёдгориҳои таърихӣ, санъати амалӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, харитаҳои туристии кишвар, варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳои туристӣ оро дода шуд. Гӯшаи миллии кишвар таваҷҷуҳи меҳмонро ба худ ҷалб намуд ва онҳо имконият пайдо карданд, ки аз дастовардҳои мо дар солҳои истиқлолият, таърих, фарҳанг ва санъат шиносоӣ пайдо кунанд. Мулоқотҳои мақсаднок бо намояндагони ширкатҳои туристии Япония барои оғоз намудани ҳамкорӣ дар ин самт низ гузаронида шуданд. 
25 сентябр зимни баргузории намоишгоҳи мазкур семинари махусус барои ширкатҳои туристии Япония дар мавзӯи имконияҳои сайёҳии Тоҷикистон барпо карда шуд. Дар  семинар Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои бойи сайёҳӣ, табииву фарҳангӣ, таърихӣ ва ҷузъи Роҳи бузурги абрешим муаррифӣ  шуд. 
Муаррифии ҳамаҷонибаи иқтидори сайёҳии кишварамон дар Намоишгоҳи байналмилалии туристии JATA таъсири мусбат ба рушди сайёҳӣ гузашта ва ба зиёдшавии шумораи сайёҳони японӣ ба кишвари мо мусоидат  менамояд.

 

Октябрь 2, 2015 03:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид