Толибон зидди «Давлати исломӣ» мубориза бурданианд
Душанбе, 13.10.15. (АМИТ «Ховар»). Тибқи хабарҳои нав, дар ҳоли ҳозир ҷунбиши шӯришгарони «Толибон» барои мубориза бо гурӯҳи «Давлати исломӣ» дар қисми шарқии кишвар воҳиди ҷангиро ташкил медиҳад.
Дастаҳои ҷангиён дар вилоятҳои шарқии Кунар ва Нуристон аз ҷумлаи ихтиёриёни ҷавон, ки бисёриашон аз хавфу хатари ДИ раҳо ёфтанӣ шуда ба сафҳои толибон дохил мешаванд, таъсис меёбанд.
Худи намояндагони «Толибон» хабарҳоро дар бораи мавҷудияти ҷузъу томҳои нав тасдиқ намуда, онҳоро «Дастаҳои худмудофиа» унвон мекунанд.
Вақтҳои охир фаъолияти толибон дар шимоли кишвар, аз ҷумла, ҷинояткориҳои сершумори онҳо зидди аҳолии осоишта обрӯи ин ҷунбишро паст карда бошад ҳам, «Толибон» кӯшиш доранд, ки обрӯи худро аз ҳисоби муқобилат ба «Давлати исломӣ» баланд бардоранд.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






