В. Путин аз пешниҳоди Н. Назарбоев доир ба баргузор намудани ҳамоиши «Ислом зидди терроризм» дастгирӣ намуд

Октябрь 16, 2015 06:18

Душанбе, 16.10.2015. (АМИТ «Ховар»). -«Мо ба масоили муҳими байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардем: албатта, ба ҷараёни татбиқи тавофуқоти Минск, ба масоили тақвияти муносиботи мутақобила дар чаҳорчӯби ташкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла бо мақсади ҳифзи суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ. Барои ин, бешубҳа, вазъияти Афғонистон, Сурия ва Ироқ аҳамияти муҳим дорад. Дар робита ба ин Владимир Владимирович маро огоҳ кард ва мо вазъияти мавҷударо баррасӣ кардем».
Ин нуктаро дирӯз зимни изҳороти матбуотӣ пас аз музокироти сатҳи олии Русияву Қазоқистон  Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор дошт.  
Н. Назарбоев ҳамчунин афзуд, ки: «Ҳоло дар мавзӯи масъалаҳои шиаву суннӣ ҳангомасозӣ мекунанд.  Ин ягон умумият надорад, барои он ки он ҳодисаҳое, ки дар Сурия ба вуқӯъ пайваста истодаанд-ин барои ҳамаи мо хатари умумист, махсусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ. Мо аллакай дар бораи воқеаҳои ногуворе, ки дар сарҳади Туркманистон рӯй доданд, медонем,-мо барои Тоҷикистон низ сахт дар ташвишем.
Дар робита ба ин, мо дар мавриди ташкили ҳамоиши «Ислом зидди терроризм» суҳбат кардем. Агар моро тарафдорӣ кунанд, ин самти хуби корҳо барои фаҳмиши дурусти он амалҳое мегардад, ки мо мекунем».
Ҳамзамон Президенти Федератсияи Русия Владимир  Путин изҳор дошт, ки: «Албатта, мо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистонро дар самти муттаҳид намудани кӯшишҳои ҳамаи кишварҳо, пеш аз ҳама кишварҳое, ки аҳолиашон мусулмонанд, барои мубориза бо терорризм ҷонибдорӣ менамоем». 
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар шаҳри Бурабойи Қазоқистон ҷаласаи сарони кишварҳои иштирокдори ИДМ  баргузор мегардад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ барои иштирок дар ин чорабинӣ ҳоло дар ин шаҳр қарор дорад.

Октябрь 16, 2015 06:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд