Вазири алоқаи Русия: Бояд дар соҳаи алоқа меъёри одилона роҳандозӣ шавад

Октябрь 31, 2015 07:45

Душанбе, 31.10.2015.(АМИТ «Ховар»).-Николай Никифоров-намояндаи Шӯрои  ҳамоҳангсози  ИДМ  оид ба иттилоот, вазири алоқа ва иртиботи умумии Федератсияи Русия- зимни баромади худ дар  ҷаласаи  ҷамъбастии  Шӯрои сарони ҳукуматҳои  давлатҳои иштирокдори ИДМ дирӯз, 30 октябр дар Душанбе иброз дошт, ки  дар низоми  танзими  соҳаи  алоқа  нақши асосиро тартиби нархгузорӣ мебозад.
«Дар бештари ҳолатҳо дар натиҷаи барқарорсозии  тарофаҳо  усулҳои  наздик ба тарзи рақобатпазири нархгузорӣ  истифода мешавад, ки ин барои сарфаи ками операторон дар истеҳсолот имкон медиҳад»,-таъкид кард  Николай Никифоров. Вазири алоқа ва иртиботи умумии Федератсияи Русия ҳамчунин гуфт, зарур аст дар қонунгузориҳои Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, бахусус дар масъалаи  андозгузории дукарата, тартиботи иҷрои тарофагузорӣ ва асоси танзимгузорӣ-меъёри одилона дар сатҳи миллӣ  роҳандозӣ шавад.  
Дар ҳамин ҳол Татяна Холмуродова, муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон  иброз дошт, ки баимзорасии Созишнома дар соҳаи алоқа дар ҷаласаи  ҷамъбастии  Шӯрои сарони ҳукуматҳои  давлатҳои иштирокдори ИДМ барои пешрафти соҳаи алоқа имкониятҳои нав хоҳад дод. «Тоҷикистон, ки аз ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад аст, дар соҳаи алоқа дар ин самт мушкилот вуҷуд дорад, аз ин рӯ мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳудуди кишварҳои ИДМ мавқеи Тоҷикистонро дар соҳаи алоқа боз ҳам устувор гардонем»,-афзуд номбурда. Татяна Холмуродова ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар  соҳаи алоқаи Тоҷикистон  пешравиҳо дида шуда, хизматрасониҳо аллакай бо 4-5G пайвастанд ва дар ин самт бо дигар кишварҳои ҳамсоя-Қирғизистон ва Ӯзбекистон  ҳамкорӣ зичтар  хоҳанд шуд.

Октябрь 31, 2015 07:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ