ВКХ ҶТ дар мавриди шинохти ҲНИТ ҳамчун созмони экстремистӣ-террористӣ

Октябрь 30, 2015 13:05

Душанбе, 30.10.2015 (АМИТ «Ховар»).- Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи эҳтиром ба таваҷҷуҳи намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар ҷумҳурӣ сабти ном шудаанд, мерасонад, ки мувофиқи  моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи ҳизбҳои  сиёсӣ” таъсис ва фаъолияти ҳизбҳои сиёсие, ки мақсад ё амалашон ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкил ё дастгирӣ намудани гурўҳҳои мусаллаҳ равона гардидааст ва ё низои нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, иҷтимоӣ ва диниро тартибу ташвиқ менамоянд, манъ карда мешавад.  
Далелҳо тасдиқ намуданд, ки мақсади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сарнагун кардани сохти конститутсионӣ, халалдор кардани дахлнопазирӣ, тамомияти марзӣ ва амнияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар ин робита Суди Олии  Тоҷикистон 29 сентябри соли ҷорӣ  қарор оид ба эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун созмони террористӣ-экстремистӣ, боздоштани фаъолияти он ва  барҳам додани онро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ки ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ кашида шудааст, қабул кард.
Аз ин лиҳоз,  Раёсат аз намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном шудаанд,  эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки аз воридот, пахш ва бознашр намудани аудио ва видеосабтҳо, рўзномаю адабиёт ва варақаҳои ҲНИТ худдорӣ намоянд.
Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил  ва тарҳрезии сиёсати хориҷии  Вазорати корҳои хориҷӣ ин  фурсатро ҷиҳати таҷдиди ғояти эҳтиром ба намояндагони ВАО-и хориҷӣ ғанимат мешуморад ва ба ҳамкории судманд дар оянда умедвор аст.

Октябрь 30, 2015 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ