Вохӯрии Сироҷидин Аслов бо котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон
Душанбе, 13.10.2015. (АМИТ «Ховар»).- 12 октябри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон Дамба Ганхуягро, ки барои иштирок дар нахустин машваратҳои сиёсии Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Муғулистон дар заминаи татбиқи мувофиқатҳое, ки қаблан дар натиҷаи мулоқоти роҳбарони ду кишвар моҳи сентябри соли 2014 дар Душанбе ҳосил шуданд, мавриди табодули назар қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкории мутақобилан судмандро дар арсаҳои мухталиф баррасӣ намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






