Воридоти таҷҳизоти МТ «Пойтахт-90» аз ААИ ва боҷи гумрукӣ озод мешавад
Душанбе, 09.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» илова ворид намуданд. Тибқи он воридоти 90 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ ва дигар техникаю дастгоҳҳо барои Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» ба маблағи 14, 6 миллион сомонӣ аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Ҷамшед Каримзода-муовини аввали вазири молияи кишвар, ки ин масъаларо дар назди вакилон тавзеҳ дод, гуфт, ки аз 14,6 миллион сомонӣ, ки барои воридоти дастгоҳу таҷҳизот имтиёз дода мешавад, 10,5 миллион сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва 4,1 миллион сомонӣ боҷи гумрукӣ мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» дар доираи «Стратегияи миллии солимии ҷомеа барои солҳои 2010-2020» аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе бунёд гардида, беморхонаи бисёрсоҳавӣ маҳсуб меёбад. Маҷмааи тиббии «Пойтахт» дар шафати Маркази миллии ташхис, дар кӯчаи Неъмат Карабоев воқеъ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот аз моҳи апрели соли 2013 оғоз шудааанд ва он бояд моҳи ноябри соли 2015 ба анҷом расонида шавад. Маҷмааи тиббии «Пойтахт-90» дорои 650 рахти хоб буда, дар як вақт то 800 беморро қабул менамояд. Зикр шуд, ки дар иншооти муҳими тиббӣ ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ аз худ карда шудаанд. Интизор меравад дар мавриди ба истифода додани ин Маркази тиббӣ наздик ба 2 ҳазор мутахассиси соҳаи тиб бо ҷои кори доимӣ таъмин шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






