Як ёдгории нодири меъмории асримиёнагӣ ёфт шуд
Душанбе, 20.10.2015. (АМИТ «Ховар ).- Аз ҷониби кормандони Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 15- уми октябри соли ҷорӣ дар деҳаи Сиёҳмӯзаи ҷамоати деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод як ёдгории нодири меъмории асримиёнагӣ ба қайд гирифта шуд.
Дар бозёфти ёдгорӣ сокинони деҳаи Сиёҳмӯза Хуршед Саидов ва Сайдалӣ Сафаров саҳми калон гузоштаанд, ки ин рафтори онҳо намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ мебошад. Ёдгории мазкур дар қисмати ҷанубии деҳаи Сиёҳмӯза тақрибан дар баландии 100 метр аз соҳили рости дарёи Сурхоб ҷойгир шудааст.
Самти ҷойгиршавии он ба тариқи ғарб- шарқ сохта шудааст. Деворҳои хонақо дар баландии 1 метр аз сатҳи фарш бо панели (қисми поёнии ранг кардашудаи девор) сурхчаранг ҷудо шудаанд. Инчунин деворҳо аз қисми ҷанубӣ ва шимолӣ дар шаклҳои алоҳида бо катиба ва расмҳои тақлидӣ нигориш дода шудаанд. Ҳангоми таҳқиқҳои аввалӣ дар ҳудуди ёдгорӣ як хумча ва ҷузъи кӯзаи нақшин, ки ба давраҳои кушонӣ ва асримиёнагӣ мансуб мебошанд, пайдо шуданд.
Омӯзиш ва таҳқиқҳои минбаъдаи бостоншиносӣ пурра дар бораи ёдгории мазкур маълумоти иловагиро пешниҳод менамоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






