Ярмарка-намоиши маҳсулоти ширкатҳои Ҳиндустон дар Суғд
Душанбе, 02.09.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Ин чорабинии иқтисодӣ дар тавсеаи равобити ду кишвар дар заминаи тиҷорат ва ҷалби сармояи Ҳиндустон ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Тоҷикистон нақши калон хоҳад бозид»,- зикр шуд имрӯз, 2 октябр зимни ифтитоҳи намоиш-фурӯши маҳсулоти Ҳиндустон дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд. Ярмарка-намоиши молу маҳсулоти ширкатҳои Ҷумҳурии Ҳиндустон то 11 октябр идома меёбад.
Умед аст, ки тавассути ташкили чунин ярмаркаҳо муносибатҳои минбаъдаи ҷонибҳо рушду тавсеа ёфта, боиси афзоиши назарраси ҳаҷми гардиши тиҷоратӣ байни ду кишвар ва сармоягузориҳои мустақими Ҳиндустон ба иншооти стратегии иқтисоди Тоҷикистон мегарданд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар ярмаркаи мазкур 20 ширкати бонуфузи Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсулоти худ, аз қабили маҳсулоти нассоҷӣ, чармӣ, ҷавоҳирот, ороишот, атриёт ва дигар маҳсулоти аз ҳунарҳои дастӣ тавлидшударо пешкаши тамошобинон ва муштариён мегардонанд.
Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






