Забони давлатӣ дорои арзиши волои миллист

Октябрь 5, 2015 03:54

Душанбе, 05.10.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ мизи мудаввар баргузор гардид.
 Сардори Хадамот Тоҳир Каримзода ҳозиринро бо ин санаи фархунда-6-умин солгарди Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, забони давлатиро арзиши волои миллӣ ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддас ва муҳимтарини хизматчиёни давлатӣ номид.
Сармутахассиси Шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурунмарзӣ Абдуллоҳи Қодирӣ гуфт, ки дар давлатдории Сомониён нақши забони форсии дарӣ ё тоҷикӣ дар иттиҳоди қавмҳои сокини ин минтақа хеле назаррас буд.
Омӯзиши забони модарӣ, ки аз хонавода, кӯдакистон ва мактаб оғоз мегардад, пеш аз ҳама аз падару модар ва муаллим ба хотири ҳифзи асолати миллӣ ҷиддият ва қатъияти тамомро дар донистани забон дар тарбияи наслҳо тақозо дорад. Забони модарӣ дар ҳама давру замон чеҳра ва шинохти ҳар миллат буда, имрӯз низ дар муаррифии тамаддуну фарҳанг ва давлатдории миллии мо омили муҳим дониста мешавад.
Имрӯз Хадамоти муҳоҷират, ки сохтори танзимкунандаи умури муҳоҷират мебошад ва тибқи оморҳои мавҷуда зиёда аз 800 ҳазор  шаҳрванди кишвар дар хориҷа ба сар мебаранд ва қисмате аз онҳо муқимӣ гаштаанд, бояд ба нигоҳдории забони тоҷикӣ, анъана, расму ойин ва тарзи зиндагонии тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ  диққати ҷиддӣ диҳад.
 

 

Октябрь 5, 2015 03:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст