Занон бояд тарғибгари фарҳанги миллӣ бошанд
Душанбе, 22.10.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бозорро чеҳраи шаҳр, ифодакунандаи фарҳангу маърифати ҷомеа ва мардуми он меҳисобанд ва ин беҳуда нест. Ҳар як меҳмоне, ки ба шаҳр ворид мешавад, кӯшиш мекунад, ки аз бозорҳои пурғановати шарқии мо дидан намояд, зеро дар бозорҳои мо дастранҷи дасти деҳқон бо тамоми зебоию тамъи лазиз пешниҳод шуда, вақтҳои охир занону духтарони ҳунарманди мо ҳам талош доранд маҳсулоти офаридаи худро, ки ифодакунандаи фарҳанги бойи мо ва зебоиҳои диёрамон ҳастанд, ба харидорон пешкаш намоянд.
Вале як раванди ташвишоваре, ки тайи солҳои охир дар ҷомеаи мо, бахусус дар бозорҳои мо ба чашм мерасад, ин ба фарҳанги бегона рӯй овардани бештари занони дар он ҷойҳо фаъолияткунанда мебошад. Ба назар чунин мерасад, ки гӯё бархе аз ин соҳибкорзанони мо на танҳо ба фурӯши маҳсулоти истеҳсолкунандаи хориҷӣ, балки ба ташвиқу тарғиби онҳо низ машғул мебошанд. Сар карда аз либоси худ, то аҳли оила ва он қолабҳои чӯбине, ки баҳри ташвиқи ин либосҳо истифода мебаранд, василаҳои хуби тарғиби фарҳанги бегона буда, боиси шадид гаштани бархурди арзишҳо дар ҷомеа гашта истодаанд. Ин масъала хоси аксарияти бозорҳо ва марказҳои савдо дар ҳудуди кишвар мебошад. Новобаста ба он, ки аз супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи таъмини фурӯшандагони бозорҳо ва дигар марказҳои савдою хизматрасонӣ бо либосҳои ягонаи корӣ беш аз нӯҳ моҳ гузашта бошад ҳам, мутаассифона дар ин самт то ҳол мушкилиҳо зиёд мебошанд.
Бо мақсади омӯзиши сатҳи иҷрои супоришҳои мазкур кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ аз бозорҳои «Саховат», «Панҷшер» ва «Ганҷина» дидан намуда, бо соҳибкорони ин бозорҳо суҳбату мулоқот анҷом доданд. Онҳо соҳибкорон, бахусус соҳибкорзанонро, даъват намуданд, ки тарғибгари фарҳанг ва арзишҳои миллӣ бошанд. Ҳангоми суҳбатҳо оид ба рисолати муаррификунандагӣ доштани соҳибкор ҳарф зада, зикр карданд, ки ҳар як шахси худшиносу дорои ифтихори миллӣ вазифадор аст баҳри муаррифии фарҳангу арзиш ва суннатҳои неки миллӣ саҳмгузор бошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






