158 қурбонии амалҳои террористӣ дар Париж
Душанбе, 14.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Шоми дирӯз, 13 ноябр пойтахти Фаронса шаҳри Париж ва кулли Аврупоро таркишҳои мудҳиши террористӣ ва тирпаррониҳои шадид такон дод.
Тибқи хабарҳои охирини расонаҳои ҷаҳонӣ дар натиҷаи ин амалҳои даҳшатбори террористон 158 нафар ҳалок ва беш аз 200 каси дигар захмӣ шудаанд. Ҳолати беш аз 40 нафар захмиён хеле вазнину бӯҳронӣ арзёбӣ мегардад. 8 террорист низ кушта шудаанд. Як қисми онҳо дар натиҷаи таркишҳои худкушона ҳалок гардидаанд.
Тибқи хабарҳо, таркишу тирпаррониҳои шадид дар 6 мавзеи шаҳри Париж ба амал омаданд. Ҳамлаи нахуст ба як тарабхонаи маркази шаҳри Париж бо тирандозӣ сурат гирифт.
Ҳамлаи дуюмро се террористи маргталаб бо таркондани камарбанди интиҳорӣ дар бадани худ дар назди варзишгоҳи Стад де Франс анҷом доданд. Вақти таркиш дар ин варзишгоҳ Президенти Фаронса Франсуа Олланд ва шахсиятҳои зиёди воломақом аз Фаронсаю Олмон бозии дӯстонаи дастаҳои мунтахаби футболи ин ду кишварро тамошо мекарданд. Франсуа Олланд ва дигар меҳмонони олимақом, ки аз ин таркиш, хушбахтона, осеб надидаанд, ба зудӣ ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд.
Ҳамлаи 3-юм бо роҳи гаравгонгирӣ дар театри Батаклан анҷом дода шуд, аммо бинобар ҳамлаи полис ба террористон, гаравгонгирӣ ба зудӣ поён ёфт. Аммо наздики 120 нафар маҳз дар ҳамин театр кушта шуданд.
Масъулияти ин амалҳои террористиро гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифтааст. Ба иттилои баъзе расонаҳо, дар ин амалҳои террористӣ услуби ваҳшонияти созмони ифротгарои “ал-Қоида” низ ба назар мерасад.
Вобаста ба ин ҳодисаҳои мудҳиш дар Фаронса вазъияти фавқулода эълон шуда, тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардидаанд. Сарҳади Фаронса бо ҳамаи кишварҳои ҳамсояаш баста шуд. Мактабу дигар таълимгоҳҳо имрӯз фаъолият намекунанд. Кори метрополитени шаҳр низ маҳдуд шудааст.
Аз сокинони Париж даъват намудаанд, ки бе зарурати ноилоҷ ба кӯчаҳо набароянд ва ба тадбирҳои амниятӣ халал ворид насозанд.
Бисёр ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон парвозҳои худро ба шаҳри Париж мавқуф гузоштаанд.
Роҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба роҳбарият ва мардуми Фаронса номаҳои тасаллияти ҳамдардӣ мефиристанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба Президенти Фаронса Франсуа Олланд барқияи тасаллият ирсол дошта, ин амалҳои мудҳиши террористиро шадидан маҳкум намуд.
Дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла омадааст: “Тоҷикистон ин аъмоли ғайриинсонии як иддаи ҷинояткорро, ки бо номи дини мубини ислом пӯшиш медиҳанд, қотеъона маҳкум менамояд. Ин ҳаводис имрӯз аз ҳамаи мо ҷиддан тақозо менамояд, ки барои фардои фарзандонамон, барои ояндаи мардумонамон муттаҳид шавем ва бо ин неруҳои аҳриманӣ, ки ҳаёти аҳли башарро ба хавф гузоштаанд, мубориза барем”.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






