А. Иброҳим: «Сохтмони роҳҳо хуб, аммо корҳои барқтаъминкунии корхонаҳои саноатӣ ҷиддиятро талаб доранд»

Ноябрь 10, 2015 04:14

Душанбе, 10.11.2015. (АМИТ «Ховар).-6 ноябри соли ҷорӣ муовини сарвазир Азим Иброҳим вобаста ба азназаргузаронии сифати корҳои анҷомёфта дар сохтмони роҳи мошингарди «Данғара-Кангурт» ва раванди иҷрои корҳои сохтмониву васлкунии корхонаҳои саноатӣ ба ноҳияи Данғара сафари корӣ анҷом дод. 
Баъди азназаргузаронии маҷмўи корҳои анҷомёфтаи сохтмони роҳи мошингарди «Данғара-Кангурт», ки аз ҷониби ширкати чинии «Чайна-Роуд» иҷро гардидаанд, муовини сарвазир таъмини сифати корҳои сохтмониро асосан хуб арзёбӣ намуда, барои ислоҳ кардани баъзе  камбудиҳои мавҷуда дастурҳо дод. 
Сохтмони зеристгоҳи барқии «Корез», ки корхонаи «Ҷунтай-Данғарасин силу текстил»-ро бояд бо барқ таъмин кунад,  мебоист то 13 ноябр ба фаъолият оғоз менамуд, аммо то ба ҳол корҳои сохтмониву барқарорсозӣ идома доранд. Муовини сарвазир ба паймонкор ҶДММ «Тоҷикгидромонтаж» ва шахсони масъул супориши қатъӣ дод, ки вобаста ба иҷрои корҳои боқимонда, нақшаи иҷрои онро омода сохта, дар давоми як моҳ тамоми корҳои боқимондаро ба анҷом расонанд. 
Корҳои сохтмонӣ дар зеристгоҳи барқии нақшавии Минтақаи озоди иқтисодии (МОИ)  «Данғара»  ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудаанд. Муовини сарвазир таъкид намуд, ки дар соли оянда талабот ба неруи барқ вобаста ба иншооти бунёдшаванда дар ин минтақа зиёд мегардад, бинобар ин зарур аст, ки масъулини МОИ «Данғара» корҳои сохтмониро тибқи нақша бо шарикони паймонкор дар муҳлатҳои пешбинишуда ба анҷом расонанд. 
Мавриди зикр аст, ки ҳоло дар ҳудуди МОИ «Данғара» 34 корхона ба қайд гирифта шуда, 5 корхонаи он ба фаъолият оғоз намудааст ва дар давоми 10 моҳи соли равон ба маблағи 1,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ҳоло зиёда аз 560 шаҳрванд бо кори доимӣ таъмин мебошанд. 

Ноябрь 10, 2015 04:14

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид