Ҳайати Суди конститутсионии ҶТ дар чорабинии байналмилалии судҳои конститутсионии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок кард
Душанбе, 03.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- 28-29 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса Конфронси минтақавии мақо¬моти назо¬рати конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавзўи «Нақши Суди конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия» доир гардид.
Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар конфронси байналмилалӣ раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода М., судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Л., Гулзор М. ва Ҳошимзода Д. намояндагӣ намуданд.
Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ бо ташаббуси Комиссияи венетсианӣ оид ба демок¬ратия тавассути ҳуқуқи Шўрои Авру¬по дар қасри Шўрои Аврупо доир гардида, дар кори он намоянда¬гони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизис¬тон, Ўзбекистон, ҳамчунин ба ҳайси даъватшуда намояндагони судҳои конститутсионии ҷумҳуриҳои Арманистон, Ҷопон ва Хорватия иштирок ва маърӯза карданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби Президенти Комис¬сияи венет¬сиании Шўрои Авру¬по Ҷанни Буккикио ба саҳми беандозаи Прези¬денти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккул ва таҳкими фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон баҳои баланд дода шуд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи чорабинӣ мавзўҳои марбут ба нақши мақомоти назорати конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсия, татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва усулҳои татбиқи меъёрҳои Конститутсия зимни баамалбарории адолати судии конститутсионӣ дар давлатҳои мухталиф, инчунин дигар мавзўъҳои мубрами соҳаи назорати конститусионӣ матраҳ гарди¬данд ва зимни онҳо муҳокимаҳои доманадор сурат гирифтанд.
Ҳамчунин зимни баргузории чорабинии мазкур маърўзаи раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи¬кис¬¬тон Маҳмудзода М. дар мавзўи «Нақши Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мустаҳкам кардани қону¬нияти конститутсионӣ» ва маърўзаи судяи Суди консти¬тутсионӣ Ҳошимзода Д. дар мавзўи «Татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ зимни бамалбарории адолати судии конститут¬сионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуда, ба таваҷҷуҳи ҳозирин иттилоот оид ба фаъолияти мақомоти назорати конститутсионӣ дар Тоҷикистон манзур шуд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






