Қайроққум: Ливоят парфишон бод, Тоҷикистон!

Ноябрь 24, 2015 12:04

Кайроккум, 24.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз сокинони шаҳри Қайроққум низ чун дигар сокинони кишвар Рӯзи Парчами миллиро ботантана таҷлил намуданд. Дар шаҳри  барқчиёни соҳили «Баҳри Тоҷик» даҳҳо нафар сокинони шаҳр дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ фаъолона ширкат намуданд. 
Тавре  ки ба АМИТ “Ховар”  аз мақомоти шаҳр иттилоъ доданд, дар ин рӯз маркази шаҳри Қайроққум  ва ҷамоату шаҳракҳои он намуди идона гирифта, бо шиору овезаҳо ва Парчами давлатӣ оро ёфтанд.
Пас аз роҳпаймоии ҷавонон ва фаъолони шаҳр дар Кохи Истиқлоли шаҳр чорабинии тантанавӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва табрики раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода оғоз ёфта, бо барномаи дилангезу суруду тарона ва рақсҳои ҷолиби аҳли ҳунари бахши фарҳанг идома ёфт. 

 

Ноябрь 24, 2015 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ