Акмалиддин Каримов — барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон

Ноябрь 15, 2015 10:01

Душанбе, 15.11.2015 (АМИТ «Ховар»). — Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Марокаш медали нуқра ба даст овард.

 Тавре ки аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, паҳлавони маъруфи тоҷик Акмалиддин Каримов дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки дар шаҳри Касабланкаи Марокаш ҷараён дорад, рӯзи шанбеи 14-уми ноябр дар рақобатҳо дар вазни то 57 кг мақоми дувумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз гашт.

Акмалиддин дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақибаш Вахтанге Чидрашвили (Гурҷистон), қаҳрамони феълии ҷаҳон, бо ҳисоби 0:2  шикаст хӯрд. Паҳлавони гурҷӣ чун соли гузашта ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта, бо медали тилло мукофотонида шуд.

Ноябрь 15, 2015 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд