Ҷаласа оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳузури М. Ҷабборӣ
Душанбе, 5.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- 4 ноябр дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти комиссия дар соли 2015, лоиҳаи Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2016 ва ҳисоботи даврии сеюм, чорум ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2010-2015 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дастоварди муҳими комиссия дар соли равон таъсиси воҳиди нави сохторӣ — шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, масъалаи таъсиси ин воҳиди сохторӣ аз нишондиҳандаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 ба ҳисоб меравад. Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2015 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷдид гардида, шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсат табдил ёфт ва дар таркиби он шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ташкил шуд. Шуъбаи мазкур моҳиятан вазифаи котиботи Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдакро иҷро менамояд.
Дар ҷаласа ҳамчунин зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқи кӯдак мебошад ва то имрӯз ду маротиба ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак (с.1998 ва с. 2008) доир ба ҷараёни амалишавии конвенсияи мазкур ҳисобот пешниҳод намудааст.
Дар ҷаласа ҳамчунин нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2016 тасдиқ шуд. Лозим ба таъкид аст, ки дар кори ҷаласа ҳамчунин намояндагони Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






