Амалиёти «Кӯдакон» ва «Муоинаи техникӣ» дар Хатлон
Душанбе, 13.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон аз 10 то 20 ноябр дар роҳҳои вилоят ду амалиётро таҳти унвони «Кӯдакон» ва «Муоинаи техникӣ» роҳандозӣ мекунад.
Тавре ки нозири калони бозрасии давлатии автомобилии шӯъбаи тарғибу назорати бозрасии автомобилии вилоят Ёрмаҳмад Давлатов изҳор дошт, ахиран теъдоди садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон коҳиш ёфта бошад ҳам, ҳодисаҳои ба бепарвоӣ роҳ додани волидайн ҳанӯз ҳам ба назар мерасанд. Барои коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки кӯдакон бояд волидайн масъулияти бештар зоҳир намоянд.
Мувофиқи маълумоти Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Хатлон, аз оғози сол дар роҳҳои вилоят 80 садамаи нақлиётӣ бо иштироки кӯдакон рух дода, бар асари онҳо 22 нафар ҳалок гардида, 65 нафар ноболиғон ҷароҳат бардоштаанд.
Ба гуфтаи Ёрмаҳмад Давлатов, роҳандозии амалиёти «Муоинаи техникӣ» ба беҳдошти вазъи техникии автомобилҳо мусоидат мекунад








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






