Ҳамоиши «Созандагони ватан» бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Ноябрь 18, 2015 13:10

Душанбе, 18.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дар доираи даври дуюми чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ имрўз ҳамоиши ҷавонон  доир гардид.
Зимни чорабинӣ, ки дар руҳияи озоду созгор баргузор гардид, ба донишҷӯён оид ба ҳадафҳои шуми стратегии ҳизбу гурўҳҳои экстремистию террористӣ гуфта шуда,  омилҳои таъсиррасон ба тафаккури ҷавонон ва роҳҳои пешгирӣ аз ин таъсирҳои манфӣ баён  шуданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки Рўзи Парчами давлатӣ аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки нисбат ба ин рамзи давлатӣ, ки омили  муттаҳидкунандаи миллат аст, эҳтиром дошта бошем. 
ТҶҶ «Созандагони Ватан» тасмим гирифтааст, ки чунин чорабиниҳоро дар ҳамаи макотиби олии пойтахт баргузор намуда, 20 ноябри соли равон бахшида ба масъалаи доғи рӯз- ифротгароӣ мизи мудаввар доир намуда, омилҳо ва роҳҳои пешгирӣ аз ифротгароии ҷавононро ба хотири дарёфти механизми минбаъдаи корбарӣ мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Ноябрь 18, 2015 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ