Қатъи фаъолияти ТАҚХ “Буроқ-1”

Ноябрь 26, 2015 11:04

Душанбе, 26. 11. 2015. (АМИТ «Ховар»).-Фаъолияти  боз як ташкилоти амонатии қарзии хурд катъ гардид. Дар асоси моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ» ва бинобар иҷро накардани талаботи Дастурамал “Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилоти қарзии хурд”оид ба таъмини андозаи ҳадди ақалли сармояи воқеӣ бо Қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли ҷорӣ фаъолияти ҶСП ТАҚХ “Буроқ-1” бо дархости он оид ба барҳамдиҳии ихтиёрӣ қатъ гардонида шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ,  чун дигар ташкилоти қарзии чанде пеш аз фаъолият бозмонда, сатҳи миёнаравии молиявии ТАҚХ “Буроқ-1 “ низ дар бозори молиявии ҷумҳурӣ тайи чанд моҳи охир коҳиш ёфта буд.
Тибқи қарори мазкур иҷозатномаи ин ташкилоти амонатии қарзии хурд, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дода шудааст, бозхонд  мешавад. 
         Илова бар ин, мақомоти ваколатдори ташкилоти номбурда уҳдадор  шуданд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилоти қарзӣ комиссияи барҳамдиҳиро таъсис диҳанд.
Ҳамчунин комиссияи барҳамдиҳӣ вазифадор гардид, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи тавозунӣ ва дигар маълумоти заруриро пешниҳод намояд.

    

 

 

Ноябрь 26, 2015 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ