Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президент

Ноябрь 23, 2015 06:30

Душанбе, 23.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»,  «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок»  аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қимматнок»  тартиби муайян намудани арзиши саҳмияҳо ва вомбаргҳо, ташкили мубодилаи нархгузорӣ ва иттилоотӣ оид ба нархгузории коғазҳои қиматнок ва бастани аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок, фаъолияти ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии коғазҳои қиматнок ва баъзе паҳлӯҳои дигари соҳаи мазкурро ба таври илова танзим намуда, барои рушди минбаъдаи бозори коғазҳои қиматнок равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тухмипарварӣ» ҷиҳати ба таври илова танзим намудани масъалаҳои ташкилу бақайдгирӣ ва назорати истифодаи тухмӣ қабул гардида, Феҳристи давлатии навъҳо, истифодаи навъи растаниҳои ба Феҳристи давлатии навъҳо дохилнашуда, тартиби муайян намудани сифати навъи тухмӣ, салоҳияти мақомоти давлатӣ дар соҳаи тухмипарварӣ ва дигар самтҳои соҳаи номбурдаро муқаррар намуда, барои рушди ҳаматарафаи соҳаи тухмипарварӣ равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» низ барои ба таври илова танзим намудани фаъолияти адвокатӣ қабул гардида, ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти адвокатҳо, ҷалби кадрҳои баландихтисос ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ, пешгирӣ кардани ҳар гуна қонуншиканиҳо дар фаъолияти адвокатӣ,  таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии босифат, ҳифзу ҳимояи бештари ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиати ташкилоту идораҳо равона карда шудааст.

  Инчунин бо назардошти “Соли оила” эълон гардидани соли 2015 дар радифи дигар чорабиниҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», “Дар бораи боҷи давлатӣ” ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки онҳо барои баланд бардоштани масъулияти оиладорӣ, содда гардонидани фарзандхонӣ, озод кардан аз пардохти боҷи давлатӣ ҳангоми муроҷиат кардан ба суд оид ба фарзандхонӣ,  ҳимояи ҳуқуқи кӯдак ва танзими дигар паҳлӯҳои масъалаи мазкур равона карда шудаанд.

 Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

Ноябрь 23, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст