Ба мармари «Пойи Мазор» талабот зиёд аст

Ноябрь 17, 2015 02:41

Душанбе, 17.11.2015. (АМИТ «Ховар).- Дар кони мармари «Пойи Мазор»-и ноҳияи Ванҷ  як ширкати чинӣ ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд»- и ноҳия Рустам Ёдгоров ширкати чинӣ аллакай се километр роҳи дар даврони шӯравӣ ба самти кон сохташуда, вале пурра харобгаштаро аз нав барқарор кард. Ҳамроҳи мутахассисони чинӣ ҳамчунин 15  сокини маҳаллӣ кор мекунанд. Кони мармари «Пойи Мазор» калонтарин захираи мармар дар ҷумҳурӣ маҳсуб шуда, бо хусусияти фарқкунандаи мармараш диққати мутахассисонро ба худ  ҷалб кардааст. Мармари ин ҷо нарму мулоим ва коркарди он осону истифодааш дар корҳои ороишӣ қулай мебошад. Кон ду намуди мармар — сафеди барфӣ ва ҷигарӣ дорад, ки  талабот ба онҳо дар бозор хеле зиёд аст. Мутахассисони чинӣ таҷҳизоти бурриши сангро бо худ оварда, намунаҳои тахтасанги мармарро омода карданд. Рӯзҳои наздик корҳои омӯзиши пурраи кон ва баҳисобгирии захираи он  ба анҷом мерасанд. Интизор меравад, ки аз баҳори соли оянда корҳои истихроҷи мармар дар кон авҷ мегиранд. Масъулини ширкат ба мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки дар сурати муваффақ гаштан онҳо тасмим гирифтаанд то 150  сокини маҳаллиро ба кор ҷалб кунанд. Ҳамчунин нақша доранд, ки роҳи ҳаштодкилометраи нақлиётиро аз маркази ноҳия то маҳалли Пойи Мазор давра ба давра мумфарш намоянд. Соли оянда бо авҷи корҳои истихроҷи мармар 20 километри ин роҳ мумфарш мегардад. 

Ноябрь 17, 2015 02:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ