Ба занону духтарони оилаҳои камбизоат ройгон касб омӯзонида мешавад
Душанбе, 04.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Баҳри баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва беҳтар намудани имконияти онҳо барои дастрасии иттилоот ва касбомӯзӣ аз тарафи Ҳукумати ҶТ корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо мақоми занро дар ҷомеа таъкид дошта, баҳри касбомӯзонии занони хонашин супоришҳои мушаххас додааст.
Дар ҳошияи сиёсати мазкур Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби ҳарчи бештари бонувон ба варзиш ва дар ин замина беҳтар гардонидани вазъи саломатии онҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мунтазам тадбирҳо меандешанд.
Ҳоло Федератсия Лоиҳаи «Васеъгардонии имкониятҳои занон барои дастрасӣ ба захираҳо»-ро амалӣ дорад.
Бино ба гуфтаи ноиби президенти Федератсияи миллии таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон Наргис Набиева, мақсади асосии лоиҳа ташкили шароити мусоид барои беҳтар намудани дастрасии бонувону занон ба захираҳои омўзишӣ ва таъмини иштироки баробарҳуқуқи онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад.
«Ҳадафи Лоиҳа бо донишу малакаи ҳаётан муҳим фаро гирифтани занону бонувони касбу кори гуногун ва бекор аст. Дар доираи Лоиҳа аз 1 ноябри соли 2015 ҳамарўза барои бонувону занон семинар дар мавзўи «Ҳуқуқи занон», «Психология», «Тарзи ҳаёти солим» ва курсҳои кӯтоҳмуддати омўзишӣ, аз ҷумла компютерӣ, муҳосиботӣ (барномаи 1С), забони англисӣ, дўзандагӣ, масҳ ва хизматрасонии клинингӣ (тоза кардани хона ва нигоҳубини кӯдак) баргузор мешавад»,- гуфт ноиби президенти федератсия.
Дар курсҳо занону духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, заноне, ки фарзандонашонро танҳо тарбия мекунанд, донишҷӯён ва занони бе касбу кор ҷалб мешаванд.
«Мақсади асосии мо омӯзонидани занони бе касбу кор мебошад. Тавре ки мебинем, солҳои охир аз сабаби вазнин будани шароит, аз тарси танҳо мондану аз уҳдаи тарбияи фарзанд набаромадан занон даст ба худкушӣ мезананд. Курсҳои мо на танҳо ба занон касб меомӯзанд, балки дар семинарҳо коршиносон ба занон машваратҳои ҳуқуқӣ дода, бо онҳо равоншиносон кор мебаранд»,- гуфт Наргис Набиева.
Гулбибӣ донишҷӯи коллеҷи омӯзгорӣ буда, аз оилаи серфарзанд мебошад. Вай ба курси омӯзиши забони англисӣ номнавис шудааст.
«Ман дар ин курсҳо забони англисӣ меомӯзам. Хубии ин курсҳо дар он аст, ки онҳо ройгон буда, дар вақтҳои ба ман қулай гузаронда мешаванд.. Акнун ман пас аз дарс омада, дар ин ҷо забони англисиро омӯхта истодаам»,-гуфт Гулбибӣ.
«Дар айни замон ба курсҳои забони англисӣ ва клининг хоҳишмандон номнавис шудаанд. Омӯзгори курси клинингии мо Лола Шарипова худ дар Амрико кору таҳсил кардааст ва бо меъёрҳои байналхалқӣ ба занони тоҷикӣ дарс мегӯяд. Дар курсҳои клинингӣ ба занон на танҳо рӯбучини хона, балки нигоҳубини касбии кӯдакон омӯзонида мешавад. Пас аз хатми ин курсҳо занҳо имкон пайдо мекунанд ба нигоҳубини кӯдакони маъюб низ машғул шаванд. Тавре ки медонем, дар бештари ҳолатҳо ҳангоми таввалуди кӯдаки имконияташ маҳдуд волидайн аз уҳдаи чунин кӯдак набаромада, аз вай даст кашида, ба хонаи маъюбон медиҳанд. Дар курсҳои мо ба занон тарзи дурусти нигоҳубини кӯдаки имконияташ маҳдуд, пухтан ва додани хӯрок, гузаронидани машғулиятҳоро меомӯзонанд»,-илова намуд Наргис Набиева.
Хотиррасон мекунем, ки курсҳо ройгон буда, занону духтарон аз оилаҳои эҳтиёҷманд ва камбизоат метавонанд ба дафтари кории Федератсия, ки дар кўчаи Шота Руставели, 14 воқеъ аст, муроҷиат намоянд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






