Баргузории чорабиниҳои варзишӣ ба ифтихори Рӯзи парчами давлатӣ

Ноябрь 19, 2015 12:19

Хуҷанд, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар  шаҳри Хуҷанд бахшида  ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ҷараён доранд. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» сармутахассиси  бахши кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр Дилшод Убайдуллоев хабар дод, дар доираи ҳафтаи ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатӣ  дар варзишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ байни толибилмони мактабҳои миёна, литсею гимназияҳо ва ҳамзамон донишҷӯёни коллеҷҳову мактабҳои олии маркази вилоят  доир гашта истодаанд. 
То имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди варзиши сабук ва волейболу баскетбол байни духтарону писарон анҷом ёфта, мусобиқаҳо оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми “Қасри ҷавонон” ва бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 2001-2002 ва 2003-2004 идома доранд.  
21-24 ноябр  дар варзишгоҳҳои  шаҳр  мусобиқаҳо аз рӯи намудҳои якҳарбаи шарқӣ, гӯштини миллӣ, дзюдо, самбо, гӯштини тарзи озод, юнони румӣ оғоз ёфта, ҳамчунин 21 ноябр дар варзишгоҳи “Ҷашнӣ”  — Фестивали варзишӣ доир хоҳанд гашт.  

Ноябрь 19, 2015 12:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ