Бархӯрди як мошин бо чор мошин дар шаҳри Норак

Ноябрь 28, 2015 07:04

Душанбе, 28.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -27-уми ноябри соли равон, ронандаи мошини тамғаи “Форланд” Абдурозиқ Назриев, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Ҳисор, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Кӯлоб ба самти шаҳри Душанбе дар роҳи нақлиётгарди Душанбе-Норак-Кӯлоб, дар ҳудуди шаҳри Норак, аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Хоҷаев Маҳмадраҳим, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Кӯлоб, бархӯрда, сипас ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Назаров Далер Файзович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Данғара бархӯрдааст.
Баъдан мошини тамғаи “Форланд” ба машини тамғаи “Опел-Астра”, ки ба Муродов Уктам, соли таваллудаш 1964, сокини ноҳияи Ғончӣ тааллуқ дорад ва дар канори рости роҳ меистод, бархӯрдааст, ки мошини мазкур дар дарёи “Вахш” ғарқ шудааст.  Ҳамин тариқ, мошини тамғаи “Форланд” боз ба мошини тамғаи “БМВ”, таҳти идораи Хайриев Садриддин Зайнуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Данғара бархӯрда, мошинро ба соҳили дарёи мазкур чаппа кардааст.
Дар натиҷа ронандагони мошини тамғаи “Форланд”, Назриев А. Х., ва мошини “Опел-Астра” Д. Назаров ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

 

Ноябрь 28, 2015 07:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ