Барномаи “Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020” қабул мешавад
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Бо мақсади таъмини аҳолии вилояти Суғд бо масолеҳи сохтмонии ватанӣ, истифода аз чӯбу тахтаҳои дарахтони сафедори зуд бавоярасанда ва ба ин васила коҳиш додани воридоти чӯбу тахта аз хориҷи кишвар Барномаи “Эҳёи анъанаҳои миллии сафедоршинонӣ барои солҳои 2016-2020” қабул мешавад.
Дар ин бора қарори раиси вилояти Суғд ба тасвиб расид.
Мақсади асосии барнома- ин дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ва дигар маҳсулоти чӯбӣ дар бозорҳои дохилии кишвар мебошад. Инчунин амалигардонии барнома барои беҳтар намудани шароити иқтисодии мардум, бо ин роҳ кам кардани сатҳи муҳоҷирати шаҳрвандон ба хориҷи кишвар гардида, беҳдошти вазъи муҳити зист, кам сохтани таъсири антропогениро ба ҷангалҳои табиӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бунёди сафедорзор барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба самаранокии парвариши дарахтони зуд бавоярасанда дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилоят, эмин нигоҳ доштани қабати болоии замин, минтақаҳои муҳофизатии ҷангалзор, мубориза бо биёбоншавӣ ва пешгирии эрозияи заминҳо, пайдо кардани даромадҳои иловагӣ аз фурӯши чӯби корӣ, ҳезум ва дигар масолеҳи аз чӯб тайёршаванда саҳми назаррас дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






