“Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

Ноябрь 12, 2015 12:27

Душанбе, 12.11.2015. (АМИТ «Ховар»). -Аввалин номгӯи табиии кишварамон-“Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид. Намояндагони Япония, Эстония, Германия, Иттиҳоди Аморати Араб, Федератсияи Русия, Алҷазоир, Камбоҷа ва Франсия онро дастгирӣ намуда, зимни  музокира изҳор доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои муҳими худ оид ба ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ мавқеи сазоворро соҳиб гардидааст ва ворид намудани “Боғи миллии Тоҷикистон” ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО   ба манфиати ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад буд
Дар  ҷаласаи 38-уми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки  аввали моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Париж баргузор гардид,  мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба   ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификат оид ба ворид шудани Боғи миллии Тоҷикистон (Кӯҳҳои Помир) ба Феҳристи мероси ҷаҳониро супорид. Абдуҷаббор Раҳмонзода-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Шамсиддин Орумбекзода — вазири фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Рустамҷон Солиев — сафир, намояндаи доимии кишвар дар назди ЮНЕСКО ва Сарвар Бахтӣ — котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати расмии Тоҷикистонро дар ин ҷаласа  намояндагӣ доштанд,  бо мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова масъалаҳои ҳамкории ЮНЕСКО бо Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маорифро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон масъалаҳои ворид намудани маҷмааи “Кохи Наврӯз” ва шаҳраки қадимаи Каронро ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонӣ ва номгӯйҳои “Оши палов” ва “Чакан”-ро ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият  баррасӣ намуданд.
Дар ин бора аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ  доданд.

Ноябрь 12, 2015 12:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ