Боз борон мешавад

Ноябрь 9, 2015 06:30

Душанбе, 09.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз,  9  ноябр,  дар  саросари  минтақаҳои  Тоҷикистон ҳавои  софи андак  туманнок  дар назар  аст.  Ҳаво рӯзона  13 — 15  дараҷа  гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  10  ноябр абрҳои  даргузар  ва  борони  кӯтоҳмуддат  дар назар  аст; ҳаво  шабона 8 — 10  дараҷа  ва  рӯзона  12 — 14  дараҷа  гарм  мешавад. 
Шабонарӯзи  11  ноябр  ҳавои  камабр  ва  борони  кӯтоҳмуддат  дар  назар  буда,  ҳаво  шабона  10 — 12  дараҷа  ва  рӯзона 15 — 17  дараҷа  гарм  мешавад.
12  ва  13  ноябр  ҳаво  камабр  шуда,  борони  сахт  меборад. Ҳаво  шабона  ва  рӯзона 12 — 14  дараҷа  гарм  мешавад. Дар  ин рӯзҳо ҳарорати  ҳаво  дар ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  шабона  9 — 11  дараҷа  ва  рӯзона  10 — 12  дараҷа,  дар  вилояти  Хатлон  низ  ҳамчунин,  дар  вилояти  Суғд  шабона 8 — 9  дараҷа  ва  рӯзона  9 — 13  дараҷа   гарм,  дар  ғарби  ВМКБ  шабона 5 — 7  дараҷа  ва  рӯзона  9 — 11  дараҷа  гарм,  дар  шарқи он  шабона 0 — 5  дараҷа сард  ва  рӯзона 5 — 7  дараҷа  гарм,   дар  шаҳри  Душанбе шабона  7 — 8  дараҷа  ва рӯзона  12 — 15  дараҷа  гарм  мешавад.

 

Ноябрь 9, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш