Чанд ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар ду рӯз
Душанбе, 16.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — 14-уми ноябр, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зафира”, сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди Душанбе-Хуҷанд-Чанок, дар километри 238-уми ҳудуди ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба қафои мошини тамғаи “Долун”, таҳти идораи ронанда, сокини 38-солаи ноҳияи Бохтар бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири тамғаи “Опел-Зефира”, сокини 31-солаи шаҳри Истаравшан ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаааст. Ронандаи мошини тамғаи “Опел-Зефира” ва мусофири дигари мошини мазкур низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштаанд.
Ҳамчунин 15-уми ноябр, ронандаи мошини тамғаи “Муссо”, сокини ноҳияи Данғара ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Қурғонтеппа ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Меҳнати ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ҷавони 23-солаи сокини маҳалиро пахш намудааст. Дар натиҷа ҷавон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






