Чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Парчами давлатӣ оғоз шуданд
Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ “Ховар”). – Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони “Тоҷикистон хонаи умеди ман” доир гардид.
Дар чорабинии мазкур 300 нафар донишҷӯёну устодони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва Коллеҷи варзишии Тоҷикистон иштирок намуданд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода оид ба таърихи парчами давлатӣ маърӯза намуда, сулҳу ваҳдат, созандагию ободкориро баракати истиқлолияти давлатӣ маънидод намуд. Бо муроҷиат ба ҷавонон таъкид гардид, ки донишу малакаи худро тақвият диҳанд ва барои баланд бардоштани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз донишу малака, истеъдоду ҳунари хеш истифода намоянд, зеро парчам нишонаи миллат ва муаррификунандаи давлат аст. Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ зимни суханронӣ аз ҷавонон даъват кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки рамзи давлати тоҷикон аст, ҳамеша тозаву озода нигоҳ дошта, барои муаррифӣ намудани миллат ва бардоштани Парчам дар арсаи ҷаҳон саъю талош намоянд, сиёсати роҳбарияти мамлакатро, ки асосаш созандагию ободкорӣ аст, дар амал фарзандонаву содиқона татбиқ намоянд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






