Дар Белгия бар асари амалиёти махсус 16 нафар дастгир шуд

Ноябрь 23, 2015 06:30

Душанбе, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  Белгия дар натиҷаи  амалиёти  умумимиллии зиддитеррористӣ, ки  дар таърихи  кишвар  калонтарин  ба шумор  меравад,  16  нафар  дастгир ва  як  нафар  захмӣ  шудааст.  «Пулиси  Белгия  дар ҳафт  маҳалла  кофтуков   кард», — гуфт  дар  нишасти  матбуотӣ  намояндаи Прокуратураи  федералии  Брюссел. — Дар  ҷараёни амалиётҳои  зиддитеррористӣ  дар  Белгия дастгир  намудани гумонбари  асосии  амалиётҳои террористӣ  дар  Париж Салоҳ Абдуислом  муяссар  нагардид». 
Амалиётҳо дар  маҳаллаҳои Моленбек, Жетт, Андерлехт,  Форе, Скарбек, Волюве, Сен — Ламбер,  ҳамчунин  дар  шаҳри Шарлеруа  роҳандозӣ  шуданд. Пулис   аслиҳаю  моддаҳои таркандаро   пайдо  накард. Намояндаи  прокуратура   хабари  ВАО — ро  дар  бораи   тирпарронӣ тасдиқ  накард.
Мувофиқи  маълумоти  прокуратура, яке  аз  гумонбурдаҳо  ҳангоми кӯшиши  дар  мошини  худ  паноҳ бурдан аз  пулис ба автомобили  посдорони тартибот бархӯрда,  захм  бардошт. Дар  амалиётҳо  садҳо  нафар кормандони  пулис  бо  дастгирии низомиён, техникаи зиреҳпӯш  ва  чархболҳо   иштирок  доштанд,  хабар  медиҳад  ТАСС. 

Ноябрь 23, 2015 06:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст