Дар Душанбе намоишгоҳи навбатии Чин доир мегардад

Ноябрь 4, 2015 07:00

Душанбе, 04.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон Шариф  Саид  дар  ҷараёни  Сафари   кориаш  ба  шаҳри Урумчии ҶМЧ бо  сардори Раёсати тиҷорати  Ҳукумати Ноҳияи  Мухтори  Синҷону  Уйғури ҶМЧ  Ся Гуантай  гуфтушунид  намуд.
Тибқи  иттилои  ПСС Тоҷикистон, ҷонибҳо ба  вазъу  дурнамои  рушди  муносибатҳои  Тоҷикистону  Чин,  ҳамчунин  имконоти  тиҷоратию  иқтисодии  ҳамкории дуҷонибаи  кишварҳои  дӯст  таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир намуда,  масоили таҳкими  минбаъдаи  муносибатҳо  дар бахшҳои  асосии  иқтисодиётро  баррасӣ  карданд. Раиси  ПСС — и  ҶТ имкониятҳои  зиёди Тоҷикистонро  барои  маблағгузории   бахшҳои  мухталифи  иқтисодиёти  Тоҷикистон  аз  қабили  истифодаи   захираҳои  табиӣ,  иштирок   дар  маблағгузории  лоиҳаҳои  инфрасохторӣ ва гидроэнергетикӣ,  ҳамкорӣ  дар  соҳаҳои  асосӣ,  аз  қабили  кишоварзӣ,  истеҳсолу  коркарди  маҳсулоти  кишоварзӣ, фаъолияти ширкатҳои  Чин  дар  ҳудуди  минтақаҳои  озоди иқтисодӣ зикр  намуд. 
Ся  Гуантай  сатҳи  баланди ҳамкории  мутақобилан  муфиди  байни  давлатҳои  ҳамсояро  хотирнишон  сохта,  мақоми  муҳими  Тоҷикистонро  дар  татбиқи  ибтикороти Роҳи  бузурги абрешими «Як  камарбанд,  як  роҳ»  қайд  намуд. 
Аз  рӯи  натиҷаи  мулоқот  тасмим  гирифта  шуд, ки  охири  моҳи  сентябри  соли  2016  дар  шаҳри  Душанбе  намоишгоҳи  маҳсулоти саноатӣ  ва технологияҳои  Чин  доир намуда, форуми  аҳли тиҷорати  ҳар  ду  кишвар ташкил  карда шавад.

Ноябрь 4, 2015 07:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ