Дар Фаронса сарони кишварҳои ҷаҳон масъалаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ мекунанд
Душанбе, 30.11.2015 (АМИТ «Ховар»). -Бо мақсади таъмини амният ҳукуматдорони Фаронса баргузор кардани намоиш ва роҳпаймоии аъзои созмону ташкилоти ҳифзи муҳити зистро дар саҳни «Майдони Республика» манъ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 29-уми ноябр то 11-уми декабри соли равон дар пойтахти Фаронса- шаҳри Париж Конфронси 21-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим баргузор мешавад. Дар кори конфронс сарони 150 давлату ҳукуматҳои ҷаҳон, аз ҷумла роҳбарони ИМА, Федератсияи Русия, Олмон, Британияи Кабир, Тоҷикистон, Туркия, Юнон ва дигар кишварҳо иштирок доранд. Дар ҷараёни Конфронси СММ мушкилоти кам намудани партовҳои газӣ, ки боиси тағйирёбии иқлими сайёра шудааст, мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар назар дошта шудааст, ки дар доираи конфронс созишномаи байналмилалӣ оид ба нигоҳ доштани баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра дар сатҳи камтар аз 2 дараҷаи Селсия ба имзо расад. Ҳамчунин ба андешаи коршиносон, сарони кишварҳои ҷаҳон дар ҳошияи конфронси Париж масъалаҳои геосиёсӣ ва вазъи мураккаби Шарқи Наздик, пайдо кардани роҳҳои бартарафсозии оқибатҳои ногувори хунрезиҳо дар кишварҳои Ироқу Сурияро муҳокима мекунанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори конфронс 29-уми ноябр ба Париж сафар кард ва дар рӯзи нахустини конфронс бо ноиби аввали ширкати «Тотал» Майкл Боррел ва ноиби раиси ширкати «Аэробус» Силвер Дэлонэ мулоқоти судманд баргузор намуд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






