Дар Маскав масоили истифодаи иқтидори давлатҳои аъзои СҲШ муҳокима мешавад

Ноябрь 23, 2015 05:16

Душанбе, 23.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Дар  ҷараёни  Форуми  V байналмилалии  тоҷирон  таҳти  унвони  «Муколамаи маскавии аҳли  тиҷорати  СҲШ»,  ки  3   декабр  дар   шаҳри  Маскав  баргузор  мегардад, масоили  истифодаи  иқтидори   давлатҳои  аъзои Созмони  Ҳамкории  Шанхай  барои  рушди  Иттиҳоди иқтисодии  Авруосиё  ва  лоиҳаи «Камарбанди  иқтисодии Роҳи  абрешим»  мавриди  муҳокима  қарор  мегирад.
Тавре  ки  ташкилкунандагони  чорабинӣ хабар  медиҳанд, форум  дар  арафаи  иҷлосияи ҳарсолаи  Шӯрои  сарони  ҳукуматҳои  давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории  Шанхай  баргузор  мешавад. 
Дар  ҳошияи  форум роҳандозии ҷаласаи  умумӣ ва  силсилаи  мизҳои  мудаввар  аз  рӯи  самтҳои  мухталифи  ҳамкории  иқтисодӣ,  аз   ҷумла энергетика,  нақлиёт,  сармоягузорӣ ба  сохтмон,  ҳамчунин  бахши  бонку  молия  дар  назар  аст. Имрӯз  СҲШ  18  кишвар,  аз ҷумла  Тоҷикистон,  Русия,  Чин,  Қазоқистон,  Ҳиндустон, Беларус, Қирғизистон ва  ғайраро  дар  бар  мегирад. 
Ташкилкунандаи  форум, ки  ҳадафи он  истифодаи имконоти  касбии аҳли  тиҷорати СҲШ  барои таҳияи   пешниҳоду  тавсияҳо ба мулоқоти пешорӯи  сарони  ҳукуматҳои  кишварҳои  аъзои  созмон ба  шумор  меравад, Котиботи   шӯрои тоҷирони  СҲШ бо  дастгирии ВКХ  Русия  мебошад.

 

Ноябрь 23, 2015 05:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст