Дар ноҳияи Мастчоҳ бинои иловагии мактаб сохта шуд
Душанбе, 19.11.2015. (АМИТ «Ховар»).-Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 17 ноябр зимни сафари корӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31- и ҷамоати деҳоти Андарвашт дидан кард.
Бинои дуошёнаи таълимӣ дорои 8 синфхона буда, барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Қабл аз ин, бо сабаби дурии роҳ аз маҳаллаи нав то мактаб, ки 2,5 -3 километрро ташкил медод, фарзандони деҳа шароити мусоиди таҳсил надоштанд. Раиси вилоят ба мутасаддиёни сохтмон дастур дод, ки дар ҳудуди бинои иловагии мактаб инчунин майдончаю толори варзишӣ ва ошхона бунёд намоянд, то хонандагони деҳа аз тамоми шароити замонавии таълиму тарбия бархурдор бошанд. Бинокорон тасмим гирифтаанд, ки дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мактаби навро мавриди истифода қарор диҳанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






