Дастгир гардидани гумонбар дар куштори кормандони комиссариати ҳарбӣ
Душанбе, 13.11.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар натиҷаи бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ имрӯз, 13 ноябр шахси гумонбар дар ҷинояти куштор ва расонидани зарари вазнин ба саломатӣ аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дастгир гардид. Ин нафар Умедҷони Амрохон, соли таваллудаш 1994, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб буда, ҷинояти мазкурро дар якҷоягӣ бо шарики худ, ки ҳоло дар кофтуков қарор дорад, содир намудааст. Умедҷони Амрохон дар ш. Душанбе муваққатан истиқомат дошта, расман бекор мебошад.
Тавре ки қаблан иттилоъ додем, 7 ноябри соли равон, тахминан соати 07.20 шахсони номаълум ҳангоми дар кӯчаи Деҳотии ш. Душанбе қарор доштанашон, бо кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, лейтенанти калон Эгамбердиев Темурхон, майор Мирзоев Пулод, прапоршик Насибов Ҳамза ва ронандаи комиссариати мазкур Саъдуллоев Рустам муноқиша карда, бо корд номбурдагонро захмӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Дар натиҷа Мирзоев П. ва Насибов Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расида, дигарон бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Бо мақсади муайян ва дастгир намудани ҷинояткорон бо фармони вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд.
Сабаб ва ҳолати содир гардидани ҷинояти мазкур муайян мешавад. Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






