Давраи бозомӯзӣ тибқи «Зан ва варзиш» дар шаҳри Турсунзода
Душанбе, 21.11.2015 (АМИТ «Ховар»).-19 ноябр дар шаҳри Турсунзода аз рӯи барномаи ҳамбастагии олимпӣ «Зан ва варзиш» давраи бозомӯзии бонувон бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Аз Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар машғулиятҳо 15 бонуи варзишгар — омӯзгорон аз мактабҳои таҳсилоти умумии миёна ва муассисаҳои варзишии шаҳр ширкат доштанд.
Роҳбари барнома Мунира Фақирова ва Екатерина Айриян, ҳарду кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ҳадафи давраҳои бозомӯзӣ тарғибу ташвиқи варзиш ва ҳаракати олимпӣ миёни занону духтарон ва ба машғулиятҳои тарбияти бадан ҳарчи бештар ҷалб кардани онҳо мебошад.
Пешниҳод шуд, ки чунин машғулиятҳо барои бонувон бештар баргузор шаванд. Ҳамчунин онҳо таклиф намуданд, ки хуб мебуд масъулини соҳа ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони соҳаи варзиш, бахусус, мураббиён аз байни занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд. Ба рушди футбол миёни занон низ бештар аҳамият медоданд. Ҳарчи бештар сафарбар кардани занон ба мусобиқоти байналмилалӣ низ мувофиқи мақсад мебуд.
Ба иттилои масъули ин чорабинӣ Мунира Фақирова давраҳои бозомӯзӣ мувофиқи барномаи ҳамбастагии олимпӣ «Зан ва варзиш” бо ибтикори Кумитаи миллии олимпии кишвар дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи бонувони варзишгари Тоҷикистон ва кумаки молии Кумитаи байналмилалии олимпӣ дар манотиқи мухталифи кишвар доир шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






