Э. Раҳмон: “Ҳарчанд ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ночиз аст, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир аст”

Ноябрь 30, 2015 15:15

Душанбе, 30.11.2015.  (АМИТ “Ховар”). — “Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз аст, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад”, — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр ҳангоми суханронӣ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим иброз дошт.
Сарвари давлат таъқид намуд, ки имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкориҳои дахлдорро ба анҷом расонид. 
“Конфронси имрӯза, бешубҳа, идомаи талошҳои пайгиронаи кишварҳои мо дар самти ташаккули низоми муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ бо мақсади пешгирӣ аз он, андешидани чораҳо барои коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйири он мебошад”, — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон. 

Ноябрь 30, 2015 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ