Э. Раҳмон: “Ҳарчанд ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ночиз аст, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир аст”
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ “Ховар”). — “Ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз аст, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад”, — ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр ҳангоми суханронӣ дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим иброз дошт.
Сарвари давлат таъқид намуд, ки имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкориҳои дахлдорро ба анҷом расонид.
“Конфронси имрӯза, бешубҳа, идомаи талошҳои пайгиронаи кишварҳои мо дар самти ташаккули низоми муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ бо мақсади пешгирӣ аз он, андешидани чораҳо барои коҳиши раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйири он мебошад”, — иброз дошт Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






