Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба имконияти пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба обро муҳим мешуморад”
Душанбе, 30.11.2015. (АМИТ “Ховар”).- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи дарёҳои асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, масъалаҳои вобаста ба имконияти пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва рафъи пайомадҳои онҳоро муҳим мешуморад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр дар дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим изҳор дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бино бар аҳаммияти маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат намояд.
“Дар ин замина, Тоҷикистон ба муваффақияти Фонди Иқлими Сабз барои кумак дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, Фонди мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдор аст. Истифодаи пурсамари захираҳои об, ки дар раванди тағйири иқлим бештар осебпазир мебошанд, барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба ин мақсад дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт 2005-2015” натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Имконияти хуби ҳамкориҳо дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони даҳсолаи нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд”, — зикр намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






