Эмомалӣ Раҳмон: “Тоҷикистон масъалаҳои вобаста ба имконияти пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба обро муҳим мешуморад”

Ноябрь 30, 2015 15:23

Душанбе, 30.11.2015.  (АМИТ “Ховар”).- Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар саргаҳи дарёҳои асосии фаромарзии минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, масъалаҳои вобаста ба имконияти  пешгирӣ аз офатҳои табиии марбут ба об ва рафъи пайомадҳои онҳоро муҳим мешуморад. Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 30 ноябр дар дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйири иқлим изҳор дошт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бино бар аҳаммияти  маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ  дар минтақа  мусоидат намояд. 
“Дар ин замина, Тоҷикистон ба муваффақияти Фонди Иқлими Сабз барои кумак  дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, Фонди мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдор аст. Истифодаи пурсамари захираҳои об, ки дар раванди тағйири иқлим бештар осебпазир мебошанд, барои дастрасӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор нақши муҳим дорад. Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ба ин мақсад дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт 2005-2015” натиҷаҳои мусбат ба даст омаданд. Имконияти хуби ҳамкориҳо дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони даҳсолаи нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд”, — зикр намуд Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон.

Ноябрь 30, 2015 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст