Энергетика ва амният-масъалаҳои меҳварӣ дар муносиботи Тоҷикистону Покистон

Ноябрь 12, 2015 11:26

Душанбе, 12.11.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ бо қаноатмандӣ аз натиҷаи мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Покистон зикр кард, ки сарони ҳар ду кишвар  аҳамияти фаъолияти Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистонро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохтор, ки бо қарори муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон таъсис ёфт, таъкид карданд. Комиссия вазифадор шудааст, ки ҷаласаҳои худро дар як сол ду маротиба баргузор ва дар ҳошияи онҳо имкониятҳои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои энергетика ва бунёди зерсохтор баррасӣ намояд. 
«Мо бори дигар зарурати тақвияти минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистон ва Покистонро дар самти мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилонаи фаромарзӣ ва дигар таҳдидҳо ба амнияти минтақаву ҷаҳон таъйид намудем. 
Ҳангоми музокирот мавзӯи ҳарчи зудтар дар қаламрави Афғонистони бародар пойдор намудани амну амонӣ аз мавзӯъҳои умдаи мулоқоти мо буд»,-таъкид намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотии хеш дар Покистон.

 

Ноябрь 12, 2015 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ